Душанбе, 01 июл, – АИ «Караван инфо». Дар доираи ичлосияи 145/146-уми Шурои Созмони умумичахонии гумрук (СУГ), ки Дар Брюссел баргузор гардид, байни Хадамоти Гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Сарраёсати закот, андоз ва гумруки Шохигарии Арабистони Сауди созишнома дар бораи хамкори ва кумаки мутакобилаи маъмури дар сохаи корхои гумруки ба имзо расид.

Хуччатро аз чониби Точикистон – Рохбари хадамоти Гумрук Хуршед Каримзода ва аз чониби Сауди – рохбари идораи Асоси Сухайл бин Мухаммад Абанми имзо намуданд. Ин созишнома огози мархилаи нави муносибатхои дучонибаро нишон медихад ва барои густариши хамкорихои тичоративу иктисодии ду кишвар заминаи мустахками хукуки фарохам меорад.
Тибки санади имзошуда, тарафхо ухдадор мешаванд:
- Дар мубодилаи иттилооти гумруки самаранок хамкори намудан;
- Дар якчояги ба вайронкунии конунгузории гумруки, аз чумла мубориза бо кочок мукобилат намудан;
- Тахкими амният дар сархадхои давлати;
- Барои суръат бахшидан ва содда намудани чараёни савдо тартиботи гумрукиро содда ва оптимизатсия намудан.
Татбики мукаррароти созишнома мухити хуб ба бор меорад барои:
- Рушди тичорати мутакобила байни Точикистон ва Арабистони Сауди;
- Баланд бардоштани чолибияти сармоягузории харду кишвар;
- Тавсеаи робитахои кори ва тахкими робитахои иктисоди.
Хуччати имзошуда – як кадами мухим дар рушди муносибатхои дучониба мебошад, ки барои хамкори дар сохаи маъмурияти гумрук, химояи манфиатхои давлат ва тичорат имкониятхои нав фарохам меорад.
АКСХО: Хадамоти Гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон