Душанбе, 27 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Душанбе, дар ҳошияи Чаҳорумин конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ баргузор гардид.

Мулоқот тасдиқ намуд, ки ҳамкории ду кишвар аз доираи муколамаи сиёсӣ берун рафта, тадриҷан ба самти ҳамкории амалии иқтисодӣ — махсусан дар бахшҳои энергетика ва истифодаи оқилонаи захираҳои об — густариш меёбад.
Ҷонибҳо рушди муносибатҳои дуҷонибаро муфассал баррасӣ намуда, ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳсозӣ ва логистика таваҷҷуҳи махсус доданд. Ин фарогирӣ нишон медиҳад, ки Душанбе ва Теҳрон ба ташаккули модели мукаммали ҳамкории иқтисодӣ таваҷҷуҳ доранд.
Таваҷҷуҳи махсус ба таъсиси корхонаҳои муштарак равона гардид. Дар ин замина соҳаҳои кӯҳкорӣ, фарматсевтӣ ва нассоҷӣ, инчунин коркарди пахта, пашм ва чарм ҳамчун самтҳои афзалиятнок зикр шуданд, ки метавонанд заминаи устувори истеҳсолӣ барои муносибатҳои дуҷониба фароҳам оранд.
Зимни мулоқот вазъияти Ховари Миёна низ баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки мушкилоти мавҷуда танҳо бо роҳи дипломатия ва гуфтушунид ҳал карда мешаванд ва Тоҷикистон ба равиши сулҳомез ва муколамаи созанда содиқ боқӣ мемонад.
Пас аз мулоқот Аббос Алиободӣ изҳор дошт, ки Эрон омода аст таҷрибаи худро дар бахшҳои захираҳои об ва энергетика бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мубодила намояд. Ӯ таъкид кард, ки ду халқро таърих, фарҳанг, забон ва арзишҳои муштарак ба ҳам мепайванданд.
Дар идома ӯ нақши Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об баланд арзёбӣ карда, суханронии Эмомалӣ Раҳмонро дар конфронси обӣ созанда ва дорои аҳамияти муҳим номид.
Ҳамин тавр, мулоқот дар Душанбе бори дигар ҳамгироии самти «об — энергетика — иқтисод»-ро дар муносибатҳои ду кишвар тақвият бахшид, ки дар он масъалаҳои захиравӣ ба пояи ҳамкории дарозмуддати стратегӣ табдил меёбанд.
Акс: Хадамоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
