Душанбе, 01 июл, – АИ «Караван инфо». Хайати Точикистон 30 июн дар Конфронси 4-уми сатхи баланд оид ба масъалахои маблаггузории рушди устувор (FFD4), ки тахти сарпарастии СММ ташкил шудааст, иштирок намуд. Чорабини ба як майдони калиди барои мухокимаи стратегияхои глобалии маблаггузории рушди устувор, аз чумла сармоягузори ба иктисоди “сабз” табдил ёфтааст.

Дар ифтитохи конфронс, Шохи Испания Филиппи VI ахамияти хамкории байналмилалиро таъкид намуд. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш зарурати васеъ намудани чойхои кори ва маблаггузории устуворро кайд намуд ва Сарвазири Испания Педро Санчес расман президенти конфронс таъин шуд.
Вазири молия Файзиддин Каххорзода дар чаласаи “Сармоягузори ба рушди устувор: мусоидат ба маблаггузории сабз ва инноватсиони” суханрони намуда, изхор дошт, ки Точикистон:
- барои рушди иктисоди сабз кадамхои мушаххас мегузорад;
- ба тавсеаи дастгирии байналмилали дар ин самт умед мебандад;
- дар пешбурди ташаббусхои экологи дар арсаи байналмилали фаъолона иштирок мекунад.
Конфронс ба рушди механизмхои маблаггузории инноватсиони ва сабз, амик намудани хамкори байни давлатхо ва бахши хусуси дар татбики Хадафхои рушди устувор (ХРУ) равона шудааст. Иштироки Точикистон хохиши кишварро барои накши фаъол дар равандхои чахони ва таъмини рушди устувор таъкид мекунад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода