Душанбе ба маркази бофандагии минтака табдил меёбад: Дар Душанбе созишномахои байналмилали оид ба хамкори дар саноати сабук ба имзо расиданд – ИА Караван Инфо
Душанбе ба маркази бофандагии минтака табдил меёбад: Дар Душанбе созишномахои байналмилали оид ба хамкори дар саноати сабук ба имзо расиданд

Душанбе, 09 июл, АИ «Караван инфо».  Дар Пойтахти Точикистон 8 июл аввалин форуми байналмилалии бофандаги ва намоишгохи тачхизот ва махсулоти саноати сабук огоз гардид, ки барои саноати кишвар ва минтака руйдодхои мухим гардиданд. Чорабини иштирокчиёни беш аз 50 давлатро чамъ овард ва мархилаи нави рушди бахши бофандагии Точикистонро нишон дод.

Сарвазири Точикистон Кохир Расулзода бо сухани ифтитохи суханрони намуд. Вай таъкид намуд, ки рушди сохаи нассочи авлавияти сиёсати иктисодии кишвар аст ва дар ин робита аллакай кадамхои мухим андешида шудаанд. Аз чумла, дар доираи барномаи панчсолаи рушди саноати даххо корхонахои нав бо технологияхои муосир кушода шуданд. Онхо хам аз хисоби сармояи дохили ва хам хоричи сохта шудаанд.

– “Точикистон дар сохаи саноати нассочи, аз чумла шароити мусоид барои парвариши пахта ва тачрибаи бой дар коркарди ашёи хом дорои иктидори тавоно мебошад”, – гуфт Сарвари хукумат.

Имруз дар кишвар такрибан 30% нахи пахта коркард намуда мешавад, аммо ин нишондиханда бо рушди бахши энергетика, кушодани корхонахои нав ва чори намудани инноватсия афзоиш меёбад.

Ташкилкунандагони форум Вазорати саноат ва технологияхои нави Точикистон бо дастгирии Хукумати Чумхури буданд. Он дар доираи солхои эълоншудаи 2022-2026 рушди саноат гузаронида мешавад.

Мувофики мавкеи макомот, барои хавасмандгардонии сармоягузорихои хусуси ва хоричи имтиёзхои андози ва гумруки дода мешаванд, барои кооператсияи саноати ва кластерхои истехсоли шароит фарохам оварда мешавад. Инчунин ба навовари ва густариши шарикии байналмилали диккати махсус дода мешавад.

Форум зиёда аз 200 коршиноси байналмилали, зиёда аз 50 ширкати саноати ва зиёда аз 100 сохибкори ватаниро муттахид намуд. Дар доираи чорабини мачлисхои умуми, мухокимахои панели, намоишгоххои махсус, инчунин вохурихои B2B ва G2B баргузор шуданд.

Натичаи асоси имзои созишномахои хамкори байни ассотсиатсияхо ва ширкатхои Точикистон, Озарбойчон, Узбекистон ва дигар кишвархо буд. Ин созишномахо ба рушди лоихахои муштарак дар сохаи нассочи, мубодилаи технология ва хамохангсозии талошхо дар бозорхои байналмилали дахл доранд.

Форум то 10 июл идома хохад ёфт ва ба гуфтаи иштирокчиён, метавонад платформаи солона барои муколамаи сохави ва хамгироии саноати дар Осиёи Маркази бошад.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: