Душанбе, 18 июл, АИ «Караван Инфо». Санаи 16 июл Сарвазири Чумхурии Точикистон Кохир Расулзода бо Вазири рушди иктисод ва сайёхии Аморати Муттахидаи Араб Абдулло ибни Тавк Ал-Марри мулокоти кори доир намуд.

Дар чараёни мулокот чонибхо доираи васеи масъалахои хамкории дучонибаро, аз чумла рушди иктисодиёт, савдо, саноат, энергетика, сайёхи, алокаи хавои ва кишоварзиро барраси намуданд.
Ба накши комиссияи Муштараки байнихукумати оид ба хамкорихои тичоративу иктисоди ва техники айни Точикистон ва АМА, ки хамчун воситаи мухим барои амиктар ва хамохангсозии хамкори дар сохахои зикршуда хизмат мекунад, диккати махсус дода шуд.
Иштирокчиёни мулокот ахамияти парвозхои иловагии хавопаймоиро байни пойтахтхо ва дигар шахрхои ду кишвар кайд намуда, таъкид намуданд, ки ин ба рушди сайёхи ва афзоиши хачми тичорати хоричи мусоидат хохад намуд.
Харду чониб ухдадории худро барои тахким ва густариши минбаъдаи муносибатхои судманд, ки ба хамкории мутакобилан судманд ва рушди устувор равона шудаанд, тасдик намуданд.
АКСХО: аз манбаъхои кушода