Бонки миллии  Точикистон фаъолияти низоми бонкиро дар нимсолаи аввали соли 2024 чамъбаст намуд – ИА Караван Инфо
Бонки миллии  Точикистон фаъолияти низоми бонкиро дар нимсолаи аввали соли 2024 чамъбаст намуд

Санаи 11 июли соли 2024 дар бонки Миллии  Точикистон тахти раёсати Фирдавс Толибзода чаласаи васеъ бахшида ба натичахои фаъолияти низоми бонки дар нимсолаи аввали соли 2024 ва гузоштани вазифахо барои моххои оянда баргузор гардид. Дар ин бора Хадамоти матбуоти БМТ хабар медихад.

Ба гуфтаи раиси бонки Миллии  Точикистон, сарфи назар аз вазъи мураккаби сиёси ва иктисодии чахони, ки бо хатархои молияви хамрох аст, дар сохахои гуногуни хаёти чомеа муваффакиятхои назаррас ба даст оварда, рушди босуботи иктисоди ва молиявиро таъмин намуданд.

Яке аз нишондихандахои калиди хахми махмуи махсулоти дохилии кишвар (ММД) дар нимсолаи аввали соли 2024 ба 61,7 миллиард сомони расида, афзоиши вокеии он 8,2 фоизро ташкил дод. Таваррум дар ин давра 1,9% – ро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 0,4% камтар аст.

Дар чаласа аз нав дида баромадани меъёри бозтамвил бо назардошти сатхи таваррум ва бехтар шудани интизорихои таваррумии ахоли эълон карда шуд-холо он 9,25% солонаро ташкил медихад.

Фирдавс Толибзода таъкид дошт, ки бонки Миллии  Точикистон барои татбики сиёсати пулию карзи фаъолона кор карда, бо дигар сохторхои калидии кишвар чихати таъмини суботи низоми бонки хамкори менамояд.

Аксхо: Хадамоти матбуоти БМТ

error: