Вазорати молияи Чумхурии Киргизистон хисоботеро пешниход намуд, ки дар он гуфта мешавад, ки сохтмони рохи Нави “Бишкек — Күн-Туу — Белогорка — Суусамир” 433 миллион долларро ташкил хохад дод. Тибки маълумоти Маркази шарикии давлати-хусуси, дарозии ин рох 118 км хохад буд. Кайд карда мешавад, ки бунёди накби дарозии 7 км тавассути дараи Белогорка бо баромадан ба Суусамир ба накша гирифта шудааст.

Мувофики хатсайри мохи августи соли 2023 пешниходшуда, сохтмон аз рохи Атрофи Чануби огоз меебад, ки дар назди халка дар буриши кучахои Чортеков, Айни ва Муромская дар Бишкек огоз меёбад. Минбаъд рох аз дехаи Күн-Туу, шахри Шопоков, дехаи Асилбаш ва дараи Белогорка мегузарад, то ба Суусамир барояд ва бо рохи мавчудаи “Арал Суусамир” пайваст шавад. Сохтмони 50 км китъаи нави рох ва тачдиди 65 км китъахои кухна дар назар аст.