Санаи 13 июли соли 2024 дар осорхонаи Таърихии вилояти Сугд намоиши аудиои променада бо номи “Эхо Хучанд” кушода шуд. Ин лоихаи инноватсиони, ки аз чониби Ташкилоти “Равобит” бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба Хамкори дар Точикистон тахия шудааст, барои хифз ва пахн намудани мероси бойи таърихию фархангии Хучанд пешбини шудааст.

Дар ифтитохи намоиши аудиои намояндагони чомеаи фарханги ва чамъияти, инчунин мехмонони дигар кишвархо хузур доштанд. Дар назди мехмонон шахсони мухим, аз чумла Директори Генералии муассисаи Давлатии “мачмааи таърихию фархангии Калъаи Хучанд” Иброхим Иброхимов ва директори осорхонаи Миллии Точикистон Зафаршо Иброхимзода баромад карданд.
Пас аз кисми расмии чорабини, ба осорхона тачхизоти гузаронидани намоишхои аудиои-променадхо дода шуд, ки ба истифодаи дарозмуддати ин шакли вактхуши ва таълим имкон медихад. Иштирокчиёни чорабини ба фазои таърих ва фарханги Хучанд гарк шуда, масири шахрро тай намуда, аз эффектхои садои ва мусики лаззат бурданд.
Таваччухи махсус ба истифодаи ояндаи намоиши аудиоии променада бо максадхои таълими дода шудааст, бо огози соли хониш хонандагон метавонанд бо ин шакли чолиби таълим бо таърихи шахр шинос шаванд. Лоиха бо се забон – руси, точики ва англиси дастрас аст, ки онро барои шунавандагони васеъ дастрас мекунад.
Интизор меравад, ки “Эхо Хучанд” як кисми мухими хаёти фархангии шахр гардад, таваххухро ба мероси таърихии он халб кунад ва имкониятхои навро барои хамкори бо фарханг ва анъанахои кишвар фарохам орад.
Дастурхои аудиои барои истифода хар руз соати 10:00 ва 18:00 дастрас хоханд буд.
Аксхо: SugdNEWS