Душанбе, 28 июл, АИ «Караван инфо». Дар Котиботи Созмони Ахдномаи амнияти дастачамъи (СААД) 25 июл мачлиси намояндагони давлатхои иштирокчи, ки дар татбики барномаи максадноки байнидавлати оид ба тахкими сархади точикистону афгонистон иштирок доштанд, баргузор гардид.

Дар вохури намояндагони фармоишгар-координатор ва фармоишгарони миллии давлати иштирок намуданд. Точикистон дар доираи барнома хамчун хамохангсоз баромад мекунад. Дар мухокима инчунин ичрокунандаи вазифаи котиби Генералии СААД Валерий Семериков иштирок намуд.
Чониби Точикистон дар бораи рафти мархилаи аввали татбики Барнома, ки ба таквияти хифзи сархади чанубии ИДМ равона шудааст, маълумот пешниход намуд. Иштирокчиёни мачлис руйхати силох, техникаи харби ва воситахои назорати техникии истехсол ва тахвилро ба Кушунхои Сархадии Точикистон бо назардошти имкониятхои истехсолии кишвархои узви СААД чамъбаст ва мушаххас намуданд.
Татбики ин барнома хамчун унсури мухими амнияти дастачамъи дар минтака барраси намуда мешавад ва ба безарар намудани тахдидхои Марзхои чанубии СААД равона шудааст.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Котиботи Созмони Ахдномаи амнияти дастачамъи (СААД)