Москва, 28 июли соли 2025-АИ «Караван Инфо». Русия имкони парвозхои мустакимро ба истирохатгохи Вонсан дар Кореяи Шимоли барраси мекунад. Дар ин бора вазири захирахои табии ва экологияи ФР Александр Козлов хабар дод.

Ба гуфтаи у, мухокимаи ин масъала аллакай идома дорад ва пешниходхои мушаххас дар холи барраси хастанд.
Дар холе, ки аз фурудгохи шереметевои Москва нахустин парвози мустаким ба Пхенян, пойтахти КНДР парвоз менамуд. Парвозхо дар як мох як маротиба дар хавопаймохои Boeing ва Airbus анчом дода мешаванд. Дар оянда, агар талабот аз мусофирон зиёд бошад, басомади онхо метавонад афзоиш ёбад.
Масъалаи рушди сайёхи мавзуи мулокоти ахири Вазири корхои хоричии Русия Сергей Лавров бо ВКХ- и КНДР Сой Сон Хи дар Вонсан буд. Лавров ваъда дод, ки ба афзоиши чараёни сайёхи байни кишвархо, аз чумла тавассути рушди алокаи хавои мусоидат мекунад.
МАЪЛУМОТ: Курорт Вонсан яке аз лоихахои афзалиятноки Кореяи Шимоли оид ба рушди сайёхии байналмилали мебошад. Пештар дар он чо сохтмони минтакаи истирохати бо мехмонхонахо ва казинохо ба накша гирифта шуда буд. Бо баркарор шудани парвозхо, Русия метавонад яке аз чанд самтхое бошад, ки барои сайёхи дар КНДР кушода аст.
Аксхо: агентии давлатии Кореяи Шимоли