Душанбе, 10 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар минтақаи миллии сайёҳии Туркманистон «Авваз» рӯзи 9 октябр намоишгоҳи дастовардҳои миллии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.

Давлатҳои аъзои ИДМ — Федератсияи Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон, ҳамчунин Эрон ва кишвари мизбон Туркманистон павилонҳои миллии худро ташкил карда, дастовардҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии худро муаррифӣ намуданд.
Павильони миллии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Палатаи савдову саноати ҷумҳурӣ омода карда шудааст, масоҳати 39 метри мураббаъро ишғол мекунад.
Он дар услуби муосир бо истифода аз нақшҳои миллӣ ва асарҳои ҳунарӣ оро дода шудааст. Дар намоиш иқтидори иқтисодӣ ва тиҷоратии кишвар дар соҳаҳои афзалиятнок инъикос ёфтааст: мошинсозӣ, саноати кӯҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва оби нӯшокӣ, маҳсулоти коркардшуда, меваҳои хушк ва асал, бофандагӣ, энергетика, технологияҳои рақамӣ ва «сабз», ҳамчунин ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти миллӣ.
Дар маркази павильон экрани нурӣ насб шудааст, ки дар он наворҳои видеоӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва табиати зебои Тоҷикистон, иқтидори энергетикӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва технологияҳои рақамии кишвар намоиш дода мешаванд.
Ҳадафи намоишгоҳ таҳкими робитаҳо ва рушди ҳамкории инноватсионӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин муаррифии иқтидори иқтисодӣ ва тиҷоратии кишварҳои Иттиҳод мебошад.
Намоишгоҳ дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ баргузор мегардад ва ҳамчун майдони иловагӣ барои нишон додани натиҷаҳои амалии равандҳои ҳамгироӣ хизмат мекунад. Барои Тоҷикистон иштирок дар чунин формат имкон медиҳад, ки гуногунии иқтисодиёти миллӣ — аз соҳаҳои анъанавии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ то самтҳои муосири технологияҳои рақамӣ ва «сабз» — ба таври равшан нишон дода шавад. Чунин муаррифӣҳо ба васеъшавии робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва баланд шудани шинохтагии молҳои тоҷикӣ дар фазои ИДМ мусоидат мекунанд.
АКС: АМИТ «ХОВАР»
