Москва, 31 июли соли 2025 АИ «Карован Инфо». Вашингтон омода аст сафири навро дар Казокистон таъин кунад номзадии Чули Стаффт аллакай аз чониби Сенати ИМА барраси мешавад.
Дар мурофиаи Кумитаи корхои байналмилали, Стаффт изхор дошт, ки ният дорад манфиатхои амрикоиро дар минтака фаъолона пеш барад, аз чумла ба Остона дар чустучуи хатсайрхои содироти кумак кунад.

Стаффт таъкид намуд, ки Русия ва Чин ба Казокистон таъсири назаррас мерасонанд: Москва тавассути тулонитарин сархади хушки дар чахон, Пекин тавассути бахши телекоммуникатсиони ва саноати истихроч. Ба гуфтаи вай, манфиатхои ИМА талаб мекунанд, ки Казокистон “устувор, мустакил ва шукуфон” боки монад.
Дар байни афзалиятхои мандати ояндаи худ, Стаффт чунин ном бурд: тахкими робитахои иктисоди ва мудофиави бо Казокистон, чалби сармоягузории амрикои, инчунин чустучуи роххои алтернативии содироти барои канорагири аз хатсайрхои Русия, аз чумла консорсиуми кубурхои Каспий.
Номзадии Чули Стаффт хамчун эхтимоли зиёед ба чои Дэниел Розенблум, ки мохи январи соли равон фаъолияти дипломатии худро ба анчом расонидааст, барраси мешавад.
Аксхо аз манбаъхои кушода