“Укоб” боз дар бози: Русия бузургтарин мушаки болдори чахонро озмоиш намуд – ИА Караван Инфо
"Укоб" боз дар бози: Русия бузургтарин мушаки болдори чахонро озмоиш намуд

Москва, 31 июли соли 2025 АИ «Карован Инфо». Дар давоми машкхои васеи харби «Туфони Июл» киштии зериобии атоми “Укоб” лоихаи 949А Антей бузургтарин мушаки болдори чахонро партоб намуд. Дар ин бора нашрияи Military Watch Magazine (MWM) хабар медихад.

Тирпарронии муштаракро фрегати “Адмирал Головко”, киштии зериобии “Укоб” ва комплекси мушакии сохилии “Бастион” гузарониданд. Дар доираи манёврхо онхо мушакхои “Калибр”, “Оникс” ва “Гранит” – ро истифода бурданд.

Махз охирин таваччухи махсусро ба худ чалб намуд: мушаки “Гранит” бо вазни 7 тонна ва дарозии зиёда аз 10 метр аз андозаи мушакхои болдори муосир чор маротиба зиёдтар аст. Огози он рамзи кудрати технологии флоти зериобии замони чанги сард гардид.

Тавре, ки MWM хотиррасон мекунад, киштихои зериобии лоихаи 949А «Антей» дар СССР хамчун посух ба гуруххои зарбазании хавопаймохои НАТО сохта шуданд. Онхо бо 24 мушаки “Гранит” мусаллах буданд ва пуркувваттарин киштихои зериобии зарбазании замони худ дар чахон хисобида мешуданд.

Бо вучуди ин, давраи “Антеевхо” ба охир мерасад. Ин азимчуссахо тадричан аз хайати флот хорич намуда мешаванд ва ба навтарин киштихои зериобии бисёрмаксадии синфи “Ясен” чой медиханд.

Охиринхо бо махфияти баланд фарк мекунанд ва бо силоххои муосир ва мукаммалтар, аз чумла мушакхои гиперсадоии “Тсиркон” мучаххаз намуда мешаванд.

Таълимоти “Туфони Июл” ба як навъ аккорди хушомади лоихаи афсонави табдил ёфта, кувваи пешинаи он ва сахми онро дар кобилияти мудофиавии кишвар хотиррасон намуд.

Аксхо: Шархи Низоми

error: