Москва, 31 июли соли 2025 АИ «Карован Инфо». Корпоратсияи давлатии “Росатом” дар рушди лоихахои хоричи ба марзи нав баромад: дар Танзания як дастгохи озмоиши дар кони урани Mkuju River ба истифода дода шуд. Дар ин бора директори генералии корпорасия Алексей Лихачёв хабар дод.
Лоиха дар чануби кишвар чойгир аст ва аз чониби сохтори фаръии «Росатом»- Uranium One Group амали намуда мешавад.

Ба гуфтаи Лихачёв, огози иншоот мархилаи мухим дар омодаги ба истихрочи пурраи уран буд. Холо дар иншоот коркарди равандхои технологи ва омодасозии инфрасохтор гузаронида мешавад. Ин аввалин лоихаи атомии русия дар чунин микёс дар Африкои Шарки мебошад.
Маълумоти чамъоваришуда барои тархрезии мачмааи асосии коркард бо иктидори истехсолии то 3000 тонна уран дар як сол асос хохад буд.
Mkuju River яке аз калонтарин конхои уран дар китъа хисобида мешавад. Мувофики Маълумоти Uranium One, захирахои геологии уран зиёда аз 36 хазор тонна арзёби намуда мешаванд.
Татбики лоиха метавонад мавкеи Русияро дар бозори чахонии сузишвории хастаи ба таври назаррас таквият дихад ва инчунин вуруди сармоягузори ва рушди инфрасохторро дар минтака ба Танзания таъмин кунад.
Лоиха хамаи литсензияхои заруриро гирифтааст ва тахти назорати агентии Байналмилалии баркии атоми (МАГАТЭ) карор дорад.
Пештар дар заводи “АЭМ-Спетстал” мачмааи нави рехтани электрошлаки ба кор шуруъ намуд, ки ба афзоиши назарраси истехсоли тайёрхои махсуси пулод имкон медихад.
Аксхо аз манбаъхои кушода