Вуруди содданамудашуда: ба мухочирон аз руи квота имтихони донистани забони руси бекор намуда шуд – ИА Караван Инфо
Вуруди содданамудашуда: ба мухочирон аз руи квота имтихони донистани забони руси бекор намуда шуд

Москва, 1 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Шахрвандони хоричи, ки бо квотаи хукумати ба Русия меоянд, аз имтихонхои хатмии забони руси, таърих ва конунгузории кишвар озод намуда мешаванд.

Конуни дахлдорро президент Владимир Путин имзо намуд. Хуччат аллакай дар портали расмии иттилооти хукуки нашр шудааст.

Сухан дар бораи мухочироне меравад, ки ба корхонахои калон, сохтмон ва истихрочи маъдан чалб намуда мешаванд.

Квота барои соли 2024 кариб 156 хазор ичозатномаро ташкил дод, ки зиёда аз 65% – и он аллакай истифода шудааст. Аксари чунин коргарон аз чин, Хиндустон, Туркманистон ва Туркия бо раводид меоянд ва то як сол дар кишвар мемонанд.

Аммо, мутахассисоне, ки бо одамон хамкори мекунанд — ронандагон, фурушандагон, табибон аз конун хорич намуда мешаванд. Донистани забон ва конунгузории онхо хануз хам хатмист.

Корфармоене, ки чунин квотахоро талаб мекунанд, барои мухочирони мехнати, аз чумла саривакт баромадан пас аз ба охир расидани шартнома масъуланд. Ин навсози барои суръат бахшидан ба раванди кироя ва пушонидани талабот ба кадрхо, хусусан хангоми татбики лоихахои бузурги сармоягузори пешбини шудааст.Аксхо: passportcontrol.ru

error: