“Шоуи Оташ” – и Камчатка: сайёхонро таркиши Вулкони Ключев ва заминчунби наметарсонад – ИА Караван Инфо
"Шоуи Оташ" - и Камчатка: сайёхонро таркиши Вулкони Ключев ва заминчунби наметарсонад

Москва, 31 июли соли 2025 АИ «Караван Инфо». Бо вучуди таркиши фаъоли вулкони Ключев ва чамъшавии лаваи гарм дар домани гарбии он, чараёни сайёхи дар Камчатка кохиш намеёбад. Хамчунин, рузи гузашта дар Камчатка заминларзаи пуркувваттарин бо шиддати 8,8 балл рух дод.

Тавре, ки дар иттиходи саноати сайёхии Русия хабар доданд, сайёхон на танхо сафархои худро ба минтакаи вулконхо бекор намекунанд, балки ба тамошои нодири табии таваччухи чидди зохир мекунанд.

Тибки маълумоти хадамоти геофизикии АИР, дар вакти шабона дар болои кратер дурахши пуркувват ва таркишхо мушохида намуда мешаванд. Начотдихандагон каблан тавсия дода буданд, ки аз боздид аз вулконхои фаъоли минтака, аз чумла Ключевская, Шивелуч, Авачинский ва Каримский худдори кунанд, аммо ин ба хавасмандии сайёхон таъсир нанамуд.

Аз соли 1952 инчониб заминларзаи шадиди 8,7 дарачаи магнитуда, ки рузи чоршанбе рух дод, ташвиши иловаги ба бор овард. Дар баъзе нохияхо хатари тсунами эълон шудааст. Дар Сахалин режими Холатхои Фавкулодда чори намуда шуд.

Вулкани ключев яке аз баландтарин дар Авруосиё аст, ки баландии он ба 4850 метр мерасад. Охирин таркиш мохи апрели соли 2025 ба кайд гирифта шудааст.

Аксхо аз манбаъхои кушода

error: