Дар Казокистон пешниход менамоянд, ки шаш мох пеш аз озод шудан ба педофилхо кастратсияи химияви гузаронида шавад – ИА Караван Инфо
Дар Казокистон пешниход менамоянд, ки шаш мох пеш аз озод шудан ба педофилхо кастратсияи химияви гузаронида шавад

Казокистон, 4 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазорати тандурустии Казокистон лоихаи ислохотро нашр намуд, ки тибки он кастратсияи кимиёви шаш мох пеш аз озод шудани махкумшудагон барои чиноятхои зидди дахлнопазирии чинсии ноболигон гузаронида мешавад. Як сол пеш аз ин, махкумшудагон барои арзёбии майли зуроварии чинси аз ташхиси хатмии суди – психиатри мегузаранд.

Ин тагйиротхо ба кохиш додани хатари такроршави пас аз озод шудани чинояткорон нигаронида шудаанд. Пеш аз гузаронидани ин амалиёт таъсири доруро дар давраи хатарноктарин — моххои аввали пас аз озодшави нигох медорад.

“Тагйирот дар бораи татбики кастратсияи кимиёви шаш мох пеш аз озодшави ва фиристодани мавод аз чониби маъмурияти муассиса на дертар аз дувоздах мох пеш аз ба охир расидани мухлати адои чазо ба суд барои таъин намудани экспертизаи суди – психиатри барои халли масъалаи мавчуд будани (набудани) нуксонхои равони ва майли зуроварии чинси ворид намуда мешавад” гуфта мешавад дар лоихаи хуччат.

Кастратсияи химияви чораи мачбурии тибби мебошад, ки дар зербанди 3 ва 5 банди 1 моддаи 91 кодекси Чиноятии ЧК пешбини шудааст. Он ба шахсони аз 18-сола боло, ки барои чиноятхои зидди дахлнопазирии чинсии ноболигон махкум шудаанд ва дар муассисахои УИС чазоро адо мекунанд, татбик намуда мешавад.

Тартиби он аз ворид намудани дорухои зиддиандрогени иборат аст, ки истехсоли тестостеронро паст мекунанд ва хохиши чинсиро кохиш медиханд. Дар айни замон, чунин чора танхо бо карори суд ва танхо нисбати шахсони гирифтори ихтилоли ташхиси афзалияти чинси барои пешгирии холати декомпенсатсия истифода мешавад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: