Алчазоир аввалин Су-34МЭ-и русияро гирифт: бомбаборонкунандагони нав мавкеи НХ-и кишварро мустахкам мекунанд – ИА Караван Инфо
Алчазоир аввалин Су-34МЭ-и русияро гирифт: бомбаборонкунандагони нав мавкеи НХ-и кишварро мустахкам мекунанд

Москва, 11 августи соли 2025 АИ «Караван инфо». Чумхурии Халкии Демократии Алчазоир аввалин партияи бомбаборони фронтии СУ-34МЭ-и русияро, ки хануз соли 2023 фармоиш дода шуда буд, гирифт.

Тахвилхо тибки чадвал идома доранд тибки шартнома, хавопаймохои аввал бояд соли 2025 ворид мешуданд. Алчазоир аввалин оператори хоричии ин модел буд, ки соли 2014 ба ВКС-и Русия ворид шуд.

Бомбардоронкунандаи нав фавран бо камуфляжи биёбони ва нишонахои шиносоии НХ-и Алчазоир омаданд. Пештар макомоти кишвар пойгохи Хавоии “Лагуат” – ро махсус барои чойгир намудани ин мошинхо васеъ намуданд.

Илова бар ин, дар аввали сол маълум шуд, ки Алчазоир аввалин харидори хоричии хавопаймохои чангии насли панчуми Су-57-и Русия буд.

Хамин тарик, кишвар яке аз камтарин кишвархоест, ки чунин техникаро дар чахон дорад. Дар чахони араб ва мусулмон хавопаймохои насли панчум танхо дар Исроил мавчуданд, ки ин Хавопаймохои Амрикоии F-35 мебошанд. Миср, монархияхои арабии Халичи Форс ва хатто Туркия то хол онхоро нагирифтаанд.

Коршиносон кайд мекунанд, ки бо ин харидхо, навсозии парки хавопаймохо, рушди инфрасохтори замини ва стандартхои баланди тайерии халабонхо, НХ-и Алчазоир метавонанд дар солхои наздик на танхо дар Африко, балки дар чахони ислом низ яке аз пуркувваттарин бошанд.

Алчазоир бо Русия дар сохаи мудофиа хамкори мекунад. Москва ба кишвар авиатсия, техникаи зирехпуш, системахои МХ ва силохро таъмин мекунад. Шарикии стратегии ду давлат дар заминаи ракобати афзояндаи истехсолкунандагони силоххои чахони дар бозори африко мустахкам намуда мешавад.

Аксхо аз манбаъхои кушода

error: