Дар Казокистон мусобикаи таеквондо Kazakhstan Open 2025 огоз ёфт – ИА Караван Инфо
Дар Казокистон мусобикаи таеквондо Kazakhstan Open 2025 огоз ёфт

Остона, 15 августи соли 2025-АИ «Караван Инфо». Вазири сайёхи ва варзиши ЧК Ербол Мурзабосинов дар ифтитохи тантанавии мусобикаи таеквондо Kazakhstan Open 2025 иштирок намуд. Дар маросим инчунин президенти федератсияи чахонии таеквондо (WT) доктор Чунгвон Чоу, президенти федератсияи таеквондои Казокистон Кудрат Шамиев ва президенти кумитаи Миллии Олимпии ЧК Геннадий Головкин хузур доштанд.

Ербол Мирзабосинов кайд намуд, ки “ба шарофати сиёсати пайгиронаи Сарвари Давлат, сохаи тарбияи чисмони ва варзиш дар Казокистон имруз дар байни самтхои афзалиятноки рушд чойгохи махсусро ишгол мекунад”. Вай Инчунин ба Чунгвон Чоу барои эътимод ба баргузории мусобика ва федератсияи таеквондои Казокистон барои ташкили он ташаккур гуфт.

Дар маросим ба Асосгузори харакати таеквондо дар Казокистон Мустафо Озтюрк ва президенти аввали Федератсияи таеквондои Казокистон Бексеит Тюлкиев, ки 70-солагии таваллуди у дар солхои 2024 ва 2025 чашн гирифта шуд, чойгохи махсус дода шуд. Ба фарзандони онхо калпакхои анъанавии казок супурда шуданд.

Имсол дар ин мусобика, ки то 16 август идома меебад, беш аз 750 варзишгар аз 22 кишвар, аз чумла чемпионхои олимпи ва чоизадорони чемпионати чахон ширкат мекунанд. Мусобикахо дар се категорияи синну сол: кадетхо, наврасон ва калонсолон баргузор мешаванд.

Аксхо: Вазорати Сайехи ва варзиши ЧК

error: