ФИФА дар Точикистон лоихаи “Football For Schools” – ро огоз мекунад – ИА Караван Инфо
ФИФА дар Точикистон лоихаи "Football For Schools" - ро огоз мекунад

Душанбе, 22 август, АИ «Караван Инфо».  Дар Точикистон лоихаи васеи таълимии ФИФА «Football For Schools» (Футбол барои мактабхо) огоз меёбад, ки хадафи он чалби кудакон ба варзиш ва рушди футболи оммави тавассути барномахои мактаби мебошад.

Ба ифтихори огози лоиха, афсонаи футболи чахони, сохиби “Туби Тиллои” ва бехтарин футболбози Аврупо дар соли 1994 Христо Стоичков ба кишвар ташриф меорад. Иштироки у рамзи дастгирии ташаббус ва илхоми варзишгарони чавон хохад буд.

Санаи 25-26 август дар шахри Душанбе семинари омузиши барои 45 омузгори тарбияи чисмонии мактабхои тахсилоти умумии мамлакат баргузор мегардад. Иштирокчиён бо усули таълими футбол дар мактабхое, ки бо дастгирии ФИФА тахия шудаанд, шинос мешаванд.

Санаи 27 август дар варзишгохи “Душанбе – Арена” фестивали футбол баргузор мешавад, ки дар он хонандагон метавонанд донишхои навро дар амал татбик кунанд ва бо варзишгарони маъруф мулокот кунанд.

Тибки накшаи лигаи футболи кудакон ва наврасони Точикистон, соли равон лоиха 130 мактаби кишварро фаро мегирад. “Football For Schools” ба тарбияи рухияи даста, интизом ва тарзи хаети солим дар кудакон тавассути футбол равона шудааст.

Татбики ин ташаббус барои таргиби футбол дар Точикистон дурнамои нав мекушояд ва барои рушди насли чавон тавассути варзиш шароит фарохам меорад.

АКСХО: Федератсияи футболи Точикистон

error: