Дар Узбекистон Рузхои бойгонии Казокистон баргузор мешаванд – ИА Караван Инфо
Дар Узбекистон Рузхои бойгонии Казокистон баргузор мешаванд

Бухоро, 22 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар шахри Бухоро (Чумхурии Узбекистон) Рузхои бойгонии Чумхурии Казокистон огоз ёфт.

Дар доираи чорабини намоишгоххои мавзуъи, ки ба хуччатхои беназири таърихи аз бойгонии ду кишвар асос ёфтаанд, кушода шуданд ва инчунин конфронси байналмилалии илми – амали “Накш ва ахамияти бойгони дар чомеаи иттилооти” баргузор шуд. Дар конфронс масъалахои ракамикунонии бойгони, хифзи мероси хуччати ва таъмини дастраси ба онхо мухокима намуда шуданд.

Гайр аз он, китоби беназири албоми хамкории Фархангии Казокистон ва Узбекистон дар хуччатхои бойгонии аксхо пешниход намуда шуд, ки робитахои умумии фарханги ва таърихии ду кишварро нишон медихад.

Чорабини дар доираи созишномахо байни Кумитаи Бойгонии Вазорати фарханг ва иттилооти Казокистон ва агентии “Узархив” дар назди Вазорати адлияи Узбекистон ташкил намуда шудааст.

Аксхо: Хадамоти матбуоти Вазорати Фарханг ва иттилооти ЧК

error: