ОСИЁИ МАРКАЗИ, 25 августи соли 2025-АИ «Караван Инфо». Узбекистон ният дорад, ки флоти худро барои интиколи борхо тавассути бахри Каспий афзоиш дихад ва киштихоро аз Туркманистон ва Озарбойчон харидори кунад.

Вазири наклиёти кишвар Илхом Махкамов кайд намуд, ки ин имкон медихад, ки тахвилро суръат бахшад ва хатари бандшавии хатсайрхои бахриро, ки мунтазам бо хачми баланди интикол ба вучуд меоянд, кохиш дихад.
Дар чараёни мулокоти охир намояндагони кишвархо омодагии худро барои рушди сохаи наклиёт ва тахкими хамкори дар логистика ва тичорат тасдик намуданд. То охири сол кушодани минтакаи тичоратии Наздисархадии “Шават — Дашогуз” ба накша гирифта шудааст, ки ин кадами мухим барои суръат бахшидан ба транзит ва хавасмандгардонии фаъолияти иктисоди хохад буд.
Гайр аз сохаи наклиёт, чонибхо ба мувофика расиданд, ки хамкориро дар сохахои дигар густариш диханд. Дар ояндаи наздик парвозхои мустаким байни шахрхои калиди, инчунин татбики лоихахои муштарак дар сохаи тандурусти ва тиб ба накша гирифта шудаанд.
Бахри Каспий дар логистикаи байналмилали барои кишвархои минтака накши калиди мебозад, ки интиколи борхоро байни Осиёи Маркази ва Кишвархои Кафкоз таъмин мекунад.
Рушди флот ва кушодани минтакахои тичоратии наздисархади ба кам шудани вобастаги аз хатсайрхои серодам, суръат бахшидани интикол ва фарохам овардани имкониятхои нав барои хамгироии системахои наклиёти ва иктисодии Узбекистон бо давлатхои хамсоя мусоидат мекунад.
Аксхо: time-ca