Точикистон ва Чин хамкорихои тичоратиро тавассути намоишгоххои байналмилали ва миссияхои тичорати таквият медиханд – ИА Караван Инфо
Точикистон ва Чин хамкорихои тичоратиро тавассути намоишгоххои байналмилали ва миссияхои тичорати таквият медиханд

Душанбе, 27 август, АИ «Караван Инфо».  Санаи 25 август рохбарияти палатаи Савдо ва саноати Точикистон бо Сафири Фавкулодда ва Ваколатдори Чумхурии Мардумии Чин дар Чумхурии Точикистон Го Чжитсзюн мулокоти кори доир намуд.

Дар чараёни мулокот чонибхо рушди хамкорихои иктисоди ва сармоягузори, инчунин иштироки доирахои тичоратии харду кишварро дар намоишгоххои байналмилали ва форумхои сармоягузори ва савдо барраси намуданд.

Ба ташкили миссияхои тичорати ва дигар самтхои асосии хамкори, ки ба васеъ намудани тамосхои тичорати мусоидат мекунанд, диккати махсус дода шуд.

Ифтитохи намояндагии палатаи Савдо ва саноати Чумхурии Точикистон дар Пекин хамчун кадами мухиму созанда барои тахкими робитахои дучонибаи иктисоди ва дастгирии сохибкорони точик дар арсаи байналмилали кайд гардид.

АКСХО: палатаи савдо ва саноати Точикистон

error: