АЛМААТО, 27 августи соли 2025-АИ «Караван Инфо». Клуби футболи Алмаато “Кайрат” бори аввал дар таърих ба мархилаи гурухии Лигаи чемпионхо рох ёфт.
Дар рохи муваффакият, дастаи казокистон се ракибро дар тахассус паси сар намуд ва озмоиши халкунанда “Селтик” – и Шотландия буд. Бозии аввалини клуби казокистони дар Шотландия бо хисоби мусови анчом ёфт.

Бозии Алмаато бо силсилаи пеналтихо ба анчом расид, ки дар он дарвозабон Темирлан Анарбеков кахрамони мулокот шуд. Вай на танхо бо бовари вакти асосиро боз намуд, балки се зарбаро аз “нукта” бозпас гирифт ва пирузии таърихии дастаи худро таъмин намуд.
Барои Казокистон ин муваффакият ахамияти махсус дорад: Кайрат аввалин клуби Осиёи Маркази шуд, ки тавонист ба мархилаи асосии мусобикаи бонуфузтарини аврупо барояд. Акнун дастаи алмаато имконият пайдо мекунад, ки бо клубхои пешрафтаи Аврупо барои чоиза мубориза барад.
Коршиносон кайд мекунанд, ки ин дастовард дар таърихи футболи казокистон сахифаи нав мекушояд ва метавонад барои рушди варзиш дар тамоми минтака хавасманд бошад.
Лигаи чемпионхои УЕФА мусобикаи асосии клубии Аврупо мебошад, ки дар он хар сол дастахои кавитарини китъа вомехуранд. То баромади “Кайрат” ягон клуби Осиёи Маркази ба мархилаи гурухии мусобика нарасидааст.
Аксхо: Vesti.kz/архив