Вазорати наклиёти ФР дирижаблхоро ба накшаи рушди наклиёт то соли 2035 дохил намуд – ИА Караван Инфо
Вазорати наклиёти ФР дирижаблхоро ба накшаи рушди наклиёт то соли 2035 дохил намуд

МОСКВА, 27 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо».   Дар Русия дар дахсолахои оянда на танхо каторхои баландсуръат ва намудхои нави авиатсия, балки дирижаблхои мусофирбари низ пайдо мешаванд.

Вазорати наклиёт лоихаи фармони хукуматро дар бораи тасдики консепсияи рушди илми – технологии мачмааи наклиёти то соли 2035 омода намуд, ки дар он дирижаблхо яке аз технологияхои ояндадор номида шудаанд.

Тибки ин санад, тахияи вариантхои боркаш ва мусофиркашонии хавопаймохо ба накша гирифта шудааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки хавопаймохо метавонанд дар минтакахои душвортаъсир, ки сохтмони фурудгоххо ё рохи охан хеле гарон аст, истифода шаванд.

Ба руйхати инноватсияхо инчунин системахои баландсуръати наклиёти, технологияхои левитатсияи магнити, наклиёти вакууми – кубури, роххои релсии овезон дохил намуда шудаанд.

Гайр аз ин, сохтани наслхои нави дастгоххои парвоз: экранопланхо, конвертопланхо, хавопаймохои мусофирбари баландсуръат ва мошинхои парвоз ва нишасти амуди пешбини шудааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, ин консепсия барои чори намудани технологияхое, ки то ба наздики хамчун фантастика хисобида мешуданд, имконият фарохам меорад. Аммо, татбики он сармоягузории чидди ва кори дарозмуддатро дар самти амният ва эътимоднокии карорхои нав талаб мекунад.

Акидаи истифодаи дирижаблхо дар интиколи шахрванди дар Русия бори аввал барраси намешавад. Дар солхои 1990-ум кушишхо барои тахияи моделхои тачрибави сурат гирифтанд, аммо лоихахо ба таври васеъ истифода нашуданд.

Имруз таваччух ба ин самт дар саросари чахон эхё мешавад дирижаблхо хамчун наклиёти экологи ва иктисоди, ки кодир аст борхои калон ва мусофиронро ба масофаи дур бо таъсири хадди акал ба табиат интикол дихад, барраси намуда мешаванд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: