Душанбе, 06 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Форуми нуҳуми зерминтақавӣ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ), ки рӯзҳои 4–5 сентябр дар шаҳри Алмато баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳо ва таҷрибаи худро дар самти ҳамгироии ҲРУ ба сиёсати миллӣ муаррифӣ намуд.

Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро гирд овард. Ҳадафи асосӣ — мубодилаи таҷриба ва таҳияи роҳҳалҳои муштарак барои иҷрои Барномаи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор то соли 2030 мебошад.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ахлиддин Нуриддинзода зикр кард, ки кишвар ҳадафҳои рушди устуворро ба ҳуҷҷатҳои асосии стратегӣ ворид намудааст – Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021–2025.
Тоҷикистон аллакай ду Шарҳи ихтиёрии миллӣ ва нахустин Шарҳи ихтиёрии маҳаллиро оид ба шаҳри Душанбе таҳия намудааст, ки намунаи муваффақи маҳаллисозии ҳадафҳои глобалӣ дар сатҳи пойтахт ба шумор меравад.
Бар асоси индекси ҲРУ барои соли 2023, ҷумҳурӣ дар самтҳои зерин ба пешравиҳои назаррас ноил шудааст:
- мубориза бо тағйирёбии иқлим,
- истеҳсол ва истеъмоли устувор,
- васеъ намудани дастрасӣ ба неруи тоза,
- коҳиши сатҳи камбизоатӣ.
Ба бахши иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад: дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокии бехатар ба 73 % ва ба шароити беҳдошти беҳтаршуда ба 64 % расидааст.
Форуми ҲРУ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шимолӣ минбаре муҳиму самаранок гардид барои мубодилаи таҷрибаи пешрафта ва ҳамоҳангсозии иқдомҳо миёни кишварҳои минтақа. Хулосаҳои бадастомада дар раванди омодагӣ ба Форуми сатҳи баланд оид ба рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид, ки соли 2026 дар Ню-Йорк баргузор хоҳад шуд, ба инобат гирифта мешаванд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон