Алмаато, 8 сентябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Кормандони департаменти полиси Алмаато чорабинии фарҳангӣ – ватанпарвариро бахшида ба Рӯзи забонҳои Мардуми Қазоқистон ва рӯзи таваллуди Аҳмад Байтурсинов баргузор намуданд. Полиси ҷавон аз осорхонаи маърифатпарвар дидан намуда, бо тарҷумаи зиндагинома ва мероси ӯ шинос шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД ҶҚ.

Муовини Сардори департаменти полиси Алмаато Адилгожа Кусаинов қайд намуд, ки эҳтиром ба таърих, забон ва фарҳанг як қисми муҳими шахсияти хидматӣ ва шаҳрвандии полис мебошад. Чорабинӣ як қисми кори системавӣ оид ба тарбияи маънавӣ ва ватандӯстонаи ҳайати шахсӣ гардид.
Дар охири мулоқот кори Байтурсинов хонда шуд, ки ҳамчун едраскунандаи аҳамияти забон ва фарҳанг дар ташаккули ваҳдати кишвар садо дод.
Сурат: ВКД ҶҚ