МОСКВА, 8 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Президенти Русия Владимир Путин ба саммити ғайринавбатии виртуалии БРИКС, ки Бразилия оғоз намудааст, ҳамроҳ мешавад. Дар ин бора сухангӯи Кремл Дмитрий Песков дар майдонҳои форуми иқтисодии Шарқӣ хабар дод.

Ба гуфтаи вай, кишвари амрикои ҷанубӣ тамоми ҷойҳои имконпазирро барои муҳокимаи фишори иқтисодӣ ва сиёсати тарифҳои ИМА истифода мебарад.
Саммит санаи 8 сентябр бо ташаббуси президенти Бразилия Луис Инасиу Лула Да Силва баргузор мешавад. Мавзӯи асосӣ чораҳо дар посух ба амалҳои Вашингтон хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи июл Доналд Трамп фармонеро дар бораи ҷорӣ намудани 50 дарсад боҷ барои молҳо аз Бразилия имзо намуд ва гуфт, ки онҳо “ба Иёлоти муттаҳида таҳдид мекунанд”.
Гузашта аз ин, раҳбари амрико барои кишварҳое, ки хатти “зидди амрикоӣ” – и БРИКС-ро дастгирӣ мекунанд, тарифҳои иловагӣ ваъда дод.
Лула Да Силва, дар навбати худ, дар бораи ҷустуҷӯи шарикони нави тиҷоратӣ изҳор дошт ва аллакай тартиби мурофиаро дар доираи СҶТ оғоз намудааст.
Илова бар ин, ҳукумати кишвар ба палатаи савдои хориҷӣ супориш дод, ки имконияти татбиқи қонуни мутақобилаи иқтисодиро, ки имкон медиҳад чораҳои ҷавобӣ ҷорӣ намуда шаванд, омӯзад. Қарор дар ин бора дар давоми 30 рӯз интизор аст.
МАЪЛУМОТНОМА: БРИКС иттиҳодияи байнидавлатӣ, ки соли 2006 аз ҷониби Русия, Чин, Ҳиндустон ва Бразилия таъсис ёфтааст, соли 2011 ба он ҶАР дохил шуд. Аз соли 2024 ба онҳо Миср, АМА, Эфиопия, Эрон ва аз моҳи январи соли 2025 Индонезия ҳамроҳ шуданд.
Аксҳо: kremlin ru