Истифодабарандагони роҳҳои пулакӣ дар Қазоқистон аз пардохти қитъаҳои нуқсон озод намуда шуданд – ИА Караван Инфо
Истифодабарандагони роҳҳои пулакӣ дар Қазоқистон аз пардохти қитъаҳои нуқсон озод намуда шуданд

Остона, 16 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар Қазоқистон аз санаи 15 сентябри соли 2025 қоидаҳои пардохт дар роҳҳои пулакӣ тағйир ёфтанд, то ронандагон барои қитъаҳои нуқсон пардохт накунанд. Қоидаҳои нав дар ҳамаи 27 роҳи пулакии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ амал мекунанд.

Агар дар қитъаи пулакии роҳ камбудиҳое пайдо шаванд, ки ба ҳаракати бехатар ва бароҳат халал мерасонанд, барои ин километрҳо пардохт намуда намешавад. Масалан, агар дар масофаи 100 километр 5 км мушкилот дониста шавад, ронандагон бояд танҳо барои 95 км пардохт кунанд.

Пардохти қитъаи ноқис аз лаҳзаи ошкор шудани он ба таври худкор боздошта мешавад ва танҳо пас аз ба итмом расидани таъмир аз сар гирифта мешавад.

Мушкилоти роҳро бо рақами шабонарӯзии 1403 гузориш додан мумкин аст. Дархостҳо фавран ба кор қабул намуда мешаванд ва ҳисобкунӣ е баргардонидани пардохт ба таври худкор сурат мегирад.

Аксҳо: Вазорати Нақлиети ҶҚ

error: