Душанбе, 15 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 12 сентябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо намояндаи Вазорати тандурустии Федератсияи Русия Меҳман Мамедов мулоқот анҷом дод. Дар рафти гуфтушунид ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкории илмӣ ва гузаронидани таҳқиқоти муштарак дар самти кардиология ба мувофиқа расиданд.

Созиш ба даст омад, ки бо иштироки олимони Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтии академия озмоишҳои муштарак амалӣ гарданд. Ҳамчунин, ба масъалаи омодасозии кадрҳои илмӣ тавассути барномаҳои табодули академӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид, ки имкониятҳои нав барои баланд бардоштани савияи тахассус ва рушди илм фароҳам меорад.
Ҷонибҳо омодагии худро барои баргузорӣ ва иштирок дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 1045-солагии олим ва файласуфи бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино изҳор намуданд. Ин ҳамоиш дар Тоҷикистон баргузор шуда, минбари муҳим барои мубодилаи таҷриба дар соҳаи тиб ва илм хоҳад шуд.
Тақвияти робитаҳои шарикӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Русия дурнамои нав барои рушди илми тиб, мубодилаи дониш ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар соҳаи тандурустӣ фароҳам месозад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон