Душанбе, 15 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳифзи саломатии модару кӯдак яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тақвияти ин соҳа на танҳо аҳамияти тиббӣ, балки аҳамияти стратегии иҷтимоӣ ва демографӣ дорад. Бо ҳамин мақсад, 11 сентябр дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами соҳаи акушерӣ» баргузор гардид, ки мутахассисони Тоҷикистон ва Россияро гирд овард.

Чорабиниро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуд. Дар кори он муовини вазир Зулфия Абдусаматзода, акушер-гинекологҳо ва педиатрҳои пешсафи кишвар, роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Институти илмӣ-таҳқиқотии акушерӣ, гинекология ва перинатология», инчунин як қатор мутахассисони бонуфузи Россия иштирок доштанд. Меҳмони вижаи конфронс академики РАН, доктори илмҳои тиб, профессор Эдуард Айламазян буд.
Зулфия Абдусаматзода дар суханронии худ таъкид намуд, ки давлат ва Ҳукумати кишвар пайваста тадбирҳои пайдарпайро барои таҳкими низоми ҳифзи модару кӯдак амалӣ месозанд. Аз ҷумла, ба рушди инфрасохтори тиббӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, боло бурдани сатҳи тахассуси мутахассисон ва фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ҳадафи конфронс на танҳо табодули таҷриба байни табибони тоҷик ва рус, балки такмили дониш ва малакаи касбии мутахассисони ватанӣ мебошад. Чунин ҳамоишҳо имконият медиҳанд, ки таҷрибаҳои пешқадами тиббӣ дар низоми миллӣ татбиқ гардида, ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ тақвият ёбад.
Коршиносон бар онанд, ки боло бурдани сифати кӯмакрасонии акушерӣ ва педиатрӣ мустақиман ба беҳдошти саломатии миллат, коҳиши фавти модарону кӯдакон ва таҳкими заминаи устувор барои насли ояндаи кишвар мусоидат мекунад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон