Тоҷикистон қатъномаи таъсиси давлати Фаластинро ҷонибдорӣ кард – ИА Караван Инфо
Тоҷикистон қатъномаи таъсиси давлати Фаластинро ҷонибдорӣ кард

Душанбе, 15 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид 12 сентябр эъломияро дар дастгирии истиқлолияти Фаластин қабул намуд. Ба ҷонибдорӣ аз санад 142 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, овоз доданд. Бар зидди он 10 кишвар, аз ҷумла Исроил ва ИМА, баромаданд ва боз 12 давлат аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд.

Қатънома даъват мекунад, ки ҷанг дар Ғазза хотима дода шавад ва баҳси исроиливу фаластинӣ бар асоси роҳи ҳал бо ду давлат ба таври одилона ва сулҳомез танзим гардад. Дар санад ҳамчунин зикр шудааст, ки ҳаракати ҲАМОС бояд аз идомаи ҳукмронии худ дар Ғазза даст кашад.

Дар эъломия гуфта мешавад: «Мо ҳамла ба шаҳрвандонро, ки аз ҷониби ҲАМОС 7 октябр анҷом дода шуд, инчунин амалҳои Исроил бар зидди шаҳрвандон ва инфрасохтори Ғаззаро, муҳосира ва гуруснагиро, ки ба фоҷиаи башардӯстона оварданд, маҳкум мекунем».

Вазорати корҳои хориҷии Исроил Маҷмааи умумии СММ-ро «сирки сиёсие, ки аз воқеият канда шудааст», номид.

Акс аз манбаъҳои кушода

error: