Душанбе, 15 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 10 то 11 сентябри соли 2025 дар шаҳри Алмато (Ҷумҳурии Қазоқистон) маҷлиси минтақавии байналмилалии директорони генералии провайдерони хизматрасониҳои аэронавигационии минтақаи Авруосиёи CANSO — «Third CANSO Euro-Asia ANSP’s CEO Summit» баргузор гардид. Дар кори ин форум намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигация» низ иштирок карданд, иттилоъ доданд дар корхона.

Иштирокдорон масоили стратегии рушди соҳа ва ҳалли вазифаҳои зеринро баррасӣ намуданд:
- ҷорӣ намудани низомҳои идоракунии ҷараёни ҳаракати ҳавоӣ (ATFM) ва мубодилаи маълумот дар минтақа;
- баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии авиатсионӣ ва мувофиқа намудани нишондиҳандаҳои асосӣ (KPI);
- роҳандозии усулҳои муосири идоракунии амнияти ҳаракати ҳавоӣ.
Зикр гардид, ки тибқи пешгӯиҳои EUROCONTROL ва IATA, то соли 2050 маҳз Аврупо ва Осиё ба бузургтарин ва босуръат рушдёбандаи бозори хизматрасониҳои авиатсионӣ табдил хоҳанд ёфт.
КВД «Тоҷикаэронавигация» нақши муҳим дар таъмини парвозҳои транзитӣ ва рушди долонҳои нақлиёти байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ дорад. Барои таҳкими мавқеъ дар ин бозор корхона тадриҷан таҷҳизот ва технологияҳоро нав мекунад, инчунин меъёрҳои навини сифат ва амнияти хизматрасонии аэронавигациониро ҷорӣ месозад.
Маҷлиси байналмилалии Алмато ба сифати минбари муҳими мубодилаи таҷриба ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи низомҳои аэронавигационии Авруосиё арзёбӣ гардид. Барои Тоҷикистон ширкат дар чунин ҳамоишҳо на танҳо ҳамкориро дар сатҳи байналмилалӣ тақвият мебахшад, балки имкониятҳои наверо барои боло бурдани иқтидори транзитии кишвар фароҳам месозад.
Акс: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигация»