Душанбе, 15 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 10 то 11 сентябри соли 2025 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати ҷавонони Тоҷикистон низ фаъолона ширкат варзид. Дар ин хусус Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Ҳамоиши мазкур бо ҳадафи таҳкими дӯстӣ миёни ҷавонони кишварҳои минтақа, тақвияти роҳу воситаҳои пойдории сулҳу ваҳдат ва мусоидат ба рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ доир гардид.
Форум инчунин ба дастгирии ташаббусҳои ҷавонон барои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор (SDGs) ва густариши муколамаи байнифарҳангӣ равона шуда буд.
Ҷавонони тоҷик дар бахшҳои асосии форум бо маърӯзаҳои худ баромад намуда, мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ карданд:
- «Устувории экологӣ ва рақамӣ: огоҳии иқлим, стартапҳои сабз, технологияҳои рақамӣ»,
- «Ҷавонон ва сулҳ: нақши ҷавонон дар пешгирии низоъ, волонтёрӣ, муколамаи байнифарҳангӣ»,
- «Инноватсия ва соҳибкорӣ: стартапҳои ҷавонон, технологияҳо барои саломатӣ ва рушд»
Дар суханрониҳои онҳо таъкид шуд, ки иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи сулҳ, амният, об ва экология Тоҷикистонро ба яке аз пешоҳангон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ табдил додааст.
Мушоҳидагарон бар он назаранд, ки иштироки ҷавонони Тоҷикистон дар чунин ҳамоишҳо барои таҳкими нуфузи байналмилалӣ ва пешбурди ташаббусҳои созандаи кишвар нақши муҳим мебозад.
Акс: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
