Масъалаи гузариш ба ҷумҳурии парлумонӣ дар Қазоқистон арзанда нест – ИА Караван Инфо
Масъалаи гузариш ба ҷумҳурии парлумонӣ дар Қазоқистон арзанда нест

Остона, 12 сентябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев бо иштирокчиёни форуми Байналмилалии адлияи конститутсионӣ мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот ӯ ислоҳоти пешниҳоднамудаи худро дар бораи парламентаризм шарҳ дод.

Ба гуфтаи Токаев, моҳияти ислоҳот дар таҳкими минбаъдаи низоми сиёсӣ аст, на дар гузариш ба ҷумҳурии парлумонӣ. Вай тасдиқ намуд, ки дар Қазоқистон модели “Президенти Қавӣ”, “Парлумони Бонуфуз”, “Ҳукумати Ҳисоботдиҳанда” нигоҳ дошта мешавад.

Президент изҳор дошт, ки пешниҳод намудааст, ки дар соли 2027 дар масъалаи ислоҳоти парлумонӣ раъйпурсии миллӣ баргузор карда шавад. Ин ба ҳайати кунунии Маҷлис имкон медиҳад, ки то ба охир расидани мӯҳлати ваколатҳои худ ба фаъолияти қонунсозӣ машғул шаванд. Сенат то баргузории раъйпурсӣ ва интихоботи нави парлумонӣ фаъолияти худро идома медиҳад. Токаев таъкид намуд, ки ҳамаи қарорҳои муҳим дар бораи ояндаи кишвар бояд якҷоя қабул карда шаванд.

Аксҳо: Акорда

error: