Душанбе, 17 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Хоруғ дар доираи Лоиҳаи байналмилалии «Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази минтақавии идоракунии ҳолатҳои фавқулода бо анбори муосир бунёд карда мешавад.

Мақсади асосии марказ баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва самаранокии идоракунии ҳолатҳои фавқулода дар минтақа мебошад. Бунёди ин марказ барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва таъмини мудофиа ва кӯмакҳои фаврӣ ба аҳолӣ нақши муҳими стратегӣ хоҳад дошт.
Фармоишгари сохтмон муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳо» мебошад, молиягузорӣ бошад дар доираи лоиҳа «Дастрасӣ ба маблағгузории «сабз» ва воситаҳои рушди манотиқи деҳот» назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, марказ бо анбори муосир ва технологияҳои пешрафта таъмин карда мешавад ва ба кормандони маҳаллӣ имкон медиҳад, ки ба ҳолатҳои фавқулода сари вақт ва бо самаранокӣ ҷавоб диҳанд.
Марказ дар оянда ҳамчун нуқтаи калидӣ барои ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Хоруғ хизмат хоҳад кард.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ