Панирсозони Қазоқистон дар озмуни ҷаҳонии Фаронса шаш ҷоиза ба даст оварданд
Остона, 19 сентябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Қазоқистон дар озмуни байналмилалии Панир Le mondial Du Fromage дар шаҳри Тур дар фаронса се медали тилло, як нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд.

Ғолибон ҳикояҳои худро нақл намуданд:
- Элвира Мукашева аз Кокшетау, модари панҷ фарзанд, аз истеҳсоли хонагӣ оғоз намуд ва бо гирифтани грантҳои давлатӣ тиҷорати худро бо хариди таҷҳизоти касбӣ васеъ намуд. Вай яке аз медалҳои тиллоро ба даст овард.
- Фермаи “Жети лақ” аз Мангистау, ки аз ҷониби оилаи Кобзевҳо идора намуда мешавад, доираи васеи маҳсулоти ширӣ, аз ҷумла 12 намуди панир истеҳсол мекунад. Онҳо аҳамияти дастгирии давлатиро тавассути барномаҳои ба монанди “Ауил аманата” қайд намуданд.
- Руслан Соколов аз Деҳаи Катаркел барои панири муаллифии худ “Бура” медали сеюми тиллоро гирифт.
Сурат: ВК ҶҚ