Душанбе, 13 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Тоҷикистон гуфтушунидҳо баргузор шуданд, ки ба тақвияти ҳамкории байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия равона гардиданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзали Идизода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Семён Григорьев мулоқот анҷом дод. Дар ин вохӯрӣ ҳамзамон муовини Раиси Кумитаи Думаи Давлатии Федератсияи Русия оид ба мудофиа Юрий Швыткин ва вакили Думаи Давлатӣ Максим Иванов, ки гурӯҳи парламентии робитаҳо бо парлумони Тоҷикистонро ҳамоҳанг месозанд, иштирок карданд.
Дар ҳамон рӯз ҷаласаи гурӯҳҳои дӯстии парламентӣ баргузор гардид, ки аз ҷониби Тоҷикистон Раиси Кумитаи корҳои байналмилалӣ, ҷамъиятҳои шаҳрвандӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода, Раиси Кумитаи ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният Насрулло Раҳмудзода ва Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Рустам Шоҳмурод иштирок намуданд.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои асосӣ — сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ-гумаьитарӣ ва таълимӣ баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба ташкили механизмҳои устувори ҳамкории байнипарламентӣ ва тақвияти эътимод байни парламентҳои ду кишвар равона гардид.
Ин вохӯриҳо аҳамияти гуфтугӯи доимӣ ва шарикии стратегиро байни Тоҷикистон ва Русия таъкид намуда, заминаи рушди муштарак ва тақвияти робитаҳои байнидавлатиро фароҳам меоранд.
АКС: аз манбаъҳои кушода
