Душанбе, 12 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 8 сентябр дар шаҳри Вена мулоқоти Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насреддин бо Ҳамоҳангсози Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масъалаҳои иқтисодиву экологӣ Бақит Ҷусупов баргузор гардид.

Тавре ки Сафорати Тоҷикистон дар Австрия хабар медиҳад, ҷонибҳо дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориро дар доираи ченаки иқтисодиву экологии фаъолияти САҲА баррасӣ карданд. Ҳамчунин масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки САҲА дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар рафти мулоқот Исматулло Насреддин таъкид намуд:
«Барои Тоҷикистон ҳамкорӣ бо САҲА дар самти иқтисодиву экологӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Мо ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорем, зеро онҳо мустақиман бо рушди устувори кишвар ва минтақа алоқаманд мебошанд».
Тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ изҳор дошта, самтҳои ташаббусҳои нави муштаракро муайян намуданд.
АКС: аз манбаъҳои кушода
