Остона, 10 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазорати захираҳои об ва обёрии Қазоқистон корҳоро оид ба насби ҳашт трансформатори нав дар Канали ба номи Каниш Сатпаев анҷом медиҳад. Корҳо то охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Мувофиқи харитаи роҳҳои таҷдиди комплексӣ, то охири соли 2026 дар канал 17 трансформатори нав насб намуда мешавад ва 19 агрегати насосӣ иваз карда мешавад.
Вазири захираҳои об ва обёрӣ Нурҷон Нурҷигитов қайд намуд, ки навсозӣ бо супориши Сарвари давлат вобаста ба афзоиши талабот ба захираҳои об сурат мегирад. Лоиҳа ба беҳтар намудани сифати обтаъминкунии маҳалҳои аҳолинишин, корхонаҳои саноатӣ ва таъмини истифодаи дарозмуддат ва бехатари канал равона шудааст.
Канали ба номи Сатпаев, ки дарозии он 458 км аст, вилоятҳои Караганда, Павлодар ва шаҳри Остонаро бо оби нӯшокӣ таъмин мекунад ва инчунин дар эҳтиеҷоти истеҳсолӣ ва кишоварзии ин минтақаҳо истифода мешавад.
Аксҳо: Минводҳо ва обёрии ҶҚ
