City Tour дар Душанбе: сокинон ва меҳмонон Рӯзи ҷаҳонии туризмро таҷлил намуданд – ИА Караван Инфо
City Tour дар Душанбе: сокинон ва меҳмонон Рӯзи ҷаҳонии туризмро таҷлил намуданд

Душанбе, 30 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот».  27 сентябр ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии туризм дар пойтахт гардиши ройгони сайёҳии «City Tour» баргузор шуд, ки онро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил намуданд. Дар он зиёда аз 200 нафар — донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳо, сокинони шаҳр ва ҳамчунин меҳмонони ватаниву хориҷӣ ширкат варзиданд.

Барои иштирокчиён се автобуси дуқабата ҷудо карда шуд. Онҳо аз проспекту кӯчаҳои асосии пойтахт гузашта, бо симои муосири Душанбе, корҳои ободонӣ ва манзараҳои зебои он шинос шуданд.

Ҳангоми сафар роҳбаладон ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи таърих, фарҳанг, ёдгориҳои меъморӣ ва имкониятҳои сайёҳии Душанбе маълумоти муфассал пешниҳод карданд.

Барои фароҳам овардани рӯҳияи идона барномаи консертӣ бо мусиқии зинда омода гардид. Иштироки ҳунармандон сафари сайёҳиро на танҳо маърифатӣ, балки хотирмон ва идона гардонд.

Ташкили «City Tour»-и ройгон қадами муҳим дар рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Чунин иқдомҳо ба таблиғи мероси таърихию фарҳангии Душанбе, тақвияти имиҷи он ҳамчун пойтахти меҳмоннавоз ва ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ мусоидат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи ҷаҳонии туризм ҳамасола аз соли 1979 рӯзи 27 сентябр ҷашн гирифта мешавад. Зиёда аз 47 сол ин рӯз кишварҳои ҷаҳонро дар роҳи рушди сайёҳӣ ҳамчун омили мубодилаи фарҳангӣ ва ҳамкории иқтисодӣ муттаҳид месозад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

error: