Дар Душанбе Фестивали картошка баргузор шуд: беҳтарин навъҳо ва технологияҳо муаррифӣ гардиданд – ИА Караван Инфо
Дар Душанбе Фестивали картошка баргузор шуд: беҳтарин навъҳо ва технологияҳо муаррифӣ гардиданд

Душанбе, 01 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахт «Фестивал-намоиш-фурӯши картошка» баргузор гардид, ки барои давраи истиқлолият як падидаи нав ба ҳисоб рафта, ҳадаф аз он дастгирии соҳаи картошкапарварӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ мебошад. Дар маросими ифтитоҳӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода таъкид кард, ки рушди ин соҳа барои амнияти озуқавории кишвар аҳамияти стратегӣ дорад.

Дар доираи фестивал кишоварзони минтақаҳои гуногун навъҳои мухталифи картошкаро бо нархҳои нисбатан поён муаррифӣ намуданд. Мутахассисони Вазорати кишоварзӣ дастурхони махсусеро бо таомҳои миллии аз картошка омодашуда пешниҳод карда, имкониятҳои ғизоиву гастрономии ин сабзавотро нишон доданд.

Тибқи иттилои ниҳодҳои марбута, то моҳи ноябр дар Тоҷикистон 1 263 242 тонна картошка истеҳсол шудааст.

Барои муқоиса: дар соли 2020 — 1 млн тонна, дар соли 2021 — 1 млн 20 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуда буд.

Ин афзоиш ба густариши заминҳои кишт, истифодаи навъҳои тухмӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар обёрӣ ва нигоҳубин иртибот дорад.

Коршиносон меъёри солонаи истеъмоли картошкаро барои аҳолии Тоҷикистон 92 кг ба як нафар тавсия медиҳанд. Дар сатҳи ҷаҳонӣ бошад: 52% ҳосил барои ғизои инсон, 34% — барои хуроки чорво, 10% — ҳамчун тухмӣ, 4% — барои истеҳсоли крахмал ва спирт истифода мешавад.

Картошка дар кишоварзӣ ҳамчун зироати хуби пешгузар низ маъруф аст, зеро хокро нарм карда, аз афзоиши алафҳои бегона ҷилавгирӣ мекунад.

Ба гуфтаи доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев, дар ҷаҳон тақрибан 3000 навъи картошка парвариш меёбад ва 15 навъи он дар Тоҷикистон бештар маъмул аст.

Минтақаҳои асосии парвариш: водии Рашт, вилояти Хатлон, вилояти Суғд, водии Ҳисор, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Сифати беҳтарин одатан ба минтақаи Рашт рост меояд.

Мутахассисони тибб таъкид мекунанд, ки картошка яке аз сабзавотҳои серғизо ба шумор меравад. Он дорои: витамини В6, калий, мис, фосфор, никотинӣ, фитонутриентҳо мебошад, ки моддаҳои зарароварро аз организм хориҷ месозанд.

Сафедаҳои картошка ба безараргардонии радикалҳои озод мусоидат карда, ҳолати пӯст ва чандирии онро беҳтар мекунанд.

Баргузории чунин фестивал ба таҳкими ҳамкории истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон, тарғиби навъҳои ватанӣ ва рушди донишҳои кишоварзӣ миёни аҳолӣ мусоидат менамояд.

Ба назари созмондиҳандагон, чорабинӣ метавонад ба анъана табдил ёфта, ба пешрафти инноватсияҳо ва рушди минбаъдаи бахши кишоварзии кишвар саҳми арзанда гузорад

АКС: АМИТ «ХОВАР»

error: