Душанбе, 15 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон Нақшаи амал оид ба рушди соҳибкории занон барои солҳои 2026–2027 тасдиқ гардид, ки марҳилаи нави сиёсати давлатӣ дар самти тавсеаи имкониятҳои иқтисодии занон ба ҳисоб меравад. Барои татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда 195,6 миллион сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст. Қисми асосии ин маблағ аз ҳисоби шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҷалб хоҳад шуд.

Тибқи нақша, 153 миллион сомонӣ аз ҳисоби шарикони рушд, 38,4 миллион сомонӣ аз буҷети давлатӣ ва боз 4,2 миллион сомонӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ ҷалб карда мешавад. Ҳамин тариқ, низоми дастгирии соҳибкории занон бар истифодаи ҳамзамони захираҳои давлатӣ, маблағгузории байналмилалӣ ва сармояи хусусӣ асос меёбад.
Самти асосии ҳуҷҷат танҳо афзоиши шумораи соҳибкорзанон нест. Ҳадаф аз он иборат аст, ки соҳибкории хурд тадриҷан ба корхонаҳои устувор табдил ёфта, занон ба манбаъҳои маблағгузорӣ, донишҳои молиявию рақамӣ ва бозорҳои хориҷӣ дастрасии бештар пайдо кунанд.
То соли 2027 шумораи занони соҳибкор бояд ба 112 ҳазор нафар расонида шавад. Ба ҳолати 1 июли соли 2026 ин нишондиҳанда аллакай ба 108,7 ҳазор нафар расида буд.
Ҳамзамон, ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкории занон то 7,5 миллиард сомонӣ зиёд карда мешавад. Барои муқоиса, дар соли 2023 ин нишондиҳанда 4,5 миллиард сомонӣ буд. Афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ яке аз воситаҳои асосии рафъи монеаҳое дониста мешавад, ки занони соҳибкор бо онҳо рӯ ба рӯ ҳастанд, аз ҷумла дастрасии маҳдуд ба сармоя ва норасоии дороиҳои гаравӣ.
Ҳадафи дигар ба афзоиши саҳми соҳибкории занон дар иқтисоди миллӣ вобаста аст. Дар назар аст, ки саҳми соҳибкории занон дар ММД аз 1,5 фоизи соли 2023 то 3,5 фоиз дар соли 2027 расонида шавад.
Дар баробари ин, ҷанбаи содиротии фаъолияти занони соҳибкор низ бояд тақвият ёбад. Ҳаҷми маҳсулоте, ки аз ҷониби занони соҳибкор истеҳсол шуда, ба бозорҳои хориҷӣ содир мегардад, бояд аз 16 миллион то 35 миллион сомонӣ афзоиш ёбад. Ин нишон медиҳад, ки тадриҷан ба ҷои соҳибкории маҳаллӣ иштироки занон дар занҷираҳои васеътари истеҳсолӣ ва савдо бештар хоҳад шуд.
Ҷанбаи иҷтимоии барнома низ муҳим мебошад. Ба нақша гирифта шудааст, ки то 70 фоизи занони оилаҳои камбизоат ба омӯзиши малакаҳои ибтидоии соҳибкорӣ ва саводи молиявӣ фаро гирифта шаванд. Дар дурнамо чунин тадбир метавонад барои ташаккули манбаъҳои мустақили даромад ва ҷалби бештари занон ба фаъолияти иқтисодӣ мусоидат намояд.
Барои бартараф намудани монеаҳои мавҷуда инфрасохтори дастгирӣ рушд дода мешавад. Ба он инкубаторҳои соҳибкорӣ, акселераторҳо ва марказҳои машваратӣ, инчунин механизмҳои додани грантҳои Президентӣ дохил мешаванд.
Ҳамкории байналмилалӣ низ ба яке аз унсурҳои муҳими ин низом табдил ёфтааст. Тоҷикистон ба ташаббуси WE Finance Code, ки ба тавсеаи имкониятҳои молиявии занон равона шудааст, ҳамроҳ гардид.
Ҳамзамон, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ барномаҳои махсусро роҳандозӣ мекунанд. Аз ҷумла, лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ додани грант ва омӯзиши 3,2 ҳазор зан-ро пешбинӣ менамояд. Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд бошад, дар доираи барномаи Women in Business ба «Бонки Эсхата» 3 миллион доллар ҷудо кардааст.
Ҳамин тариқ, нақшаи нав ба тағйир додани худи модели дастгирии соҳибкории занон равона шудааст. Сухан на танҳо дар бораи пешниҳоди грант ё қарзҳои имтиёзнок, балки дар бораи ташкили як экосистемаи мукаммал меравад, ки маблағгузорӣ, омӯзиш, воситаҳои рақамӣ, машварат ва дастрасӣ ба бозорҳоро дар бар мегирад.
Барои иқтисоди Тоҷикистон ин раванд аҳамияти васеътар дорад. Афзоиши шумораи корхонаҳои устувори занона метавонад заминаи истеҳсолии минтақаҳоро васеъ намуда, коркарди ашёи хоми кишоварзиро фаъол созад, иштироки занонро дар тиҷорату содирот зиёд кунад ва ҳамзамон барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина фароҳам оварад.
Дар ин замина, ҳадафи расонидани шумораи занони соҳибкор ба 112 ҳазор нафар танҳо як нишондиҳандаи миқдорӣ нест. Он метавонад ба як ҳадафи васеътар табдил ёбад — табдил додани соҳибкории занон аз як бахши асосан хурди иқтисоди миллӣ ба омили мустақили истеҳсолот, шуғл, содирот ва рушди иқтисодии кишвар.
Акс: АМИТ «ХОВАР»
