Остона, 02 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Ҳукумати Қазоқистон лоиҳаи таъсиси бузургтарин маҷмааи пахтакорӣ дар Осиёи Марказиро дар вилояти Туркистон тасдиқ намуд. Сармоягузории ширкати чинӣ Xinjiang Lihua аз 200 миллиард тенге зиёд хоҳад буд, хабар медиҳад Хадамоти матбуотии Вазорати Кишоварзии ҶҚ.

Лоиҳа як давраи пурраи истеҳсолотро аз парвариши пахта то омода намудани либосҳои тайёр пешбинӣ мекунад. Маҷмаа 60 ҳазор гектар заминҳои обёришавандаро дар ноҳияи Отирар ва Шаҳри Арис ишғол мекунад, зиёда аз 1,4 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва 300 ҷойи кории муваққатӣ таъсис медиҳад.
Дар марҳилаи аввал сармоягузорӣ беш аз 58 миллиард тенгеро ташкил медиҳад. 196 истгоҳи насосӣ бо обёрии қатрагӣ, зиёда аз 500 км каналҳои обёрӣ, се маҷмааи насосӣ ва се зеристгоҳи трансформаторӣ сохта мешаванд. Инчунин истифодаи техникаи муосири кишоварзии истеҳсолкунандагони пешрафтаи ҷаҳон пешбинӣ шудааст.
Дар қаламрави маҷмаа хатти корнамуди полиэтилен ва истеҳсоли лентаи қатрагӣ сохта мешавад, ки ба кам намудани вобастагӣ аз воридот имкон медиҳад. Дар Қазоқистон ҳар сол 70-75 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол намуда мешавад, ки тақрибан 85% – и он содирот намуда мешавад.
Сурат: ВК ҶҚ
