Остона, 16 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев ба қазоқистониҳо бо табрик ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти кишвар муроҷиат намуд. Муроҷиати сарвари давлат дар сомонаи Акорда нашр шудааст.

Президент қайд намуд, ки 16-уми декабр ҷашнест, ки барои мардуме, ки ба манфиати рушди соҳибихтиёрӣ интихоби ниҳоӣ намудаанд, аҳамияти махсус дорад.
“Истиқлолият аз ҳама чиз болотар аст! Риояи қатъии ин принсип масъулияти таърихии мо дар назди наслҳои гузашта ва оянда аст, — изҳор дошт Токаев.
Вай таъкид намуд, ки ба шарофати ваҳдат, меҳнати шаҳрвандон, субот ва ризоият дар ҷомеа Қазоқистон дар таҳкими давлатдорӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.
Президент изҳори боварӣ намуд, ки ислоҳоти васеъмиқёси татбиқшаванда кишварро ба муваффақият оварда мерасонад ва имкон медиҳад, ки Қазоқистони Одилона, қавӣ, пок ва бехатар бунёд намуда шавад.
Аксҳо: Акорда
