Қазоқистон ва Узбекистон нақшаи мониторинги муштараки дарёи Сирдарёро мувофиқа карданд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Узбекистон нақшаи мониторинги муштараки дарёи Сирдарёро мувофиқа карданд

Остона, 18 декабри соли 2025 – АИ «Караван Инфо». Қазоқистон ва Узбекистон нақшаи амалиёти муштаракро оид ба мониторинги сифати об дар ҳавзаи дарёи Сирдарё барои соли 2026 тасдиқ карданд. Қарор дар натиҷаи ҷаласаи ҳаштуми гурӯҳи кории муштарак, ки 11 декабр дар Остона баргузор шуд, кабул карда шуд, хабар медиҳад Вазорати экология ва захираҳои табиии ҶК.

Дар ҷаласа роҳбари дастгоҳи Вазорати Экологияи Қазоқистон К.Беков ва муовини раиси кумитаи Миллии экологияи Узбекистон И. Кутбиддинов иштирок карданд. Намояндагони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҳамчун нозирон ҳузур доштанд.

Ҷонибҳо иҷрои нақшаи кориро барои соли 2025 баррасӣ карданд. Дар маркази диққат масъалаҳои мониторинги мувофиқашудаи сифати об, мубодилаи маълумот, инвентаризатсияи манбаъҳои ифлосшавии канали Салар ва дарёи Арис, инчунин мониторинги коллекторҳои ВЖД ва Токсансай буданд.

“Инчунин нақшаҳои лоиҳаи Blue Peace Осиёи Марказӣ то толи 2029, аз ҷумла дастгирии фаъолияти гурӯҳи корӣ ва рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ пешниҳод карда мешаванд” гуфтанд дар вазорат.

Аксҳо: Вазорати Экология ва захираҳои табиии ҶК

error: