Али Алиев клуби пойтахти “Женис” – ро роҳбарӣ намуд – ИА Караван Инфо
Али Алиев клуби пойтахти "Женис" - ро роҳбарӣ намуд

ОСТОНА, 25 декабр 2025 АИ «Караван Инфо». Клуби футболи “Женис” таъин шудани Али Алиевро ба вазифаи сармураббии даста эълон намуд. Мутахассиси 45-сола, ки қаблан бо дастаи мунтахаби Миллии Қазоқистон кор менамуд, бо клуби пойтахт ба мӯҳлати як сол шартнома баст.

Дар “Жеинс” таҷрибаи ғании мураббӣ, омодагии пурқуввати тактикии ӯ ва хоҳиши натиҷаҳои баланд таъкид намуда шуд. Роҳбарияти клуб умедвор аст, ки таҳти роҳбарии Алиев даста метавонад пешрафт кунад ва дар мавсими нав бомуваффақият баромад кунад ва интизориҳои мухлисонро қонеъ кунад.

Қайд намуда мешавад, ки Али Алиев аллакай бо клуб шинос аст қаблан ӯ женисро роҳбарӣ менамуд. Соли 2025 мутахассис дастаи Мунтахаби Қазоқистонро тамрин медод, аммо пас аз бозии номуваффақ бо дастаи Белгия тасмим гирифт, ки вазифаи худро тарк кунад.

Аксҳо: КФ “Женис”

error: