Душанбе, 30 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон дар самти рушди рақамӣ ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ қадами нав мегузорад. Байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Jinda Anbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки ба рушди иттилоотикунонӣ ва иқтисоди рақамӣ равона гардидааст.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқа, санади имзошуда заминаи институтсионалиро барои баррасӣ ва татбиқи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ фароҳам меорад. Ин ҳамкорӣ навсозии инфрасохтори рақамӣ, ҷорӣ намудани қарорҳои муосири технологӣ ва таҳкими иқтидори экосистемаи рақамии миллиро дар бар мегирад.
Имзои Ёддошти тафоҳум дар доираи шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифта, бозгӯи ворид шудани ин ҳамкориҳо ба марҳилаи нави рушд мебошад. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар бахшҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла нақлиёт, энергетика ва алоқа ба шумор меравад.
Ин санад ҳамзамон ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 мутобиқат дошта, рақамикунонии иқтисод ва густариши технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро ҳамчун омили калидии рушди устувор ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар тақвият медиҳад. Мутобиқати Ёддошт ба ташаббуси байналмилалии «Як камарбанд – як роҳ» ба он аҳамияти иловагии стратегӣ мебахшад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳамкории густурда бо ширкатҳои технологии Чин метавонад ба ҷалби сармоягузорӣ, интиқоли технология ва болоравии сатҳи тахассуси мутахассисони миллӣ мусоидат намояд. Дар дурнамо, ин раванд барои рушди хизматрасониҳои электронӣ, идоракунии рақамӣ ва ҳамгироии Тоҷикистон ба шабакаҳои ҷаҳонии рақамӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бо ин тартиб, имзои Ёддошти тафоҳум ҳамчун ҷузъи сиёсати системавии давлат дар самти ташаккули иқтисоди муосири рақамӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар фазои технологии минтақа арзёбӣ мегардад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
