Остона, 19 июни соли 2026-АИ Караван инфо. Аз санаи 20-уми июн дар ҳамаи донишгоҳҳои Қазоқистон комиссияҳои қабул ба кор шурӯъ мекунанд. Довталабоне, ки аллакай ТЯМ-ро супоридаанд ва нақшаи иштирок дар озмуни грантҳои таълимиро надоранд, метавонанд ҳуҷҷатҳоро барои таҳсил дар асоси пулакӣ пешниҳод кунанд.

Барои довталабони грантҳои давлатӣ, аризаҳо аз 13 то 20 июл қабул намуда мешаванд. Ҳуҷҷатҳоро ҳам тавассути комиссияҳои қабули донишгоҳҳо ва ҳам дар формати онлайн тавассути портали eGov (igo) ва комиссияҳои қабули виртуалӣ пешниҳод кардан мумкин аст.
Ҳадди ақали холҳои гузариш бетағйир боқӣ мемонанд: 65 хол барои донишгоҳҳои миллӣ, 50 барои дигарон. Барои самтҳои “Илмҳои педагогӣ” ва “Ҳуқуқ” ҳадди 75 балл, барои “Тандурустӣ” 70 балл муқаррар намуда шудааст.
“Барои довталабон муҳим аст, ки барномаи таълимиро пешакӣ муайян кунанд ва бо талаботи донишгоҳи интихобшуда бодиққат шинос шаванд”, — қайд намуданд дар Вазорати илм ва таҳсилоти олии ҶҚ.
Қабули ҳуҷҷатҳо то 25 август идома меебад ва рӯйхати дорандагони грантҳои давлатии таълимӣ то 10 августи соли 2026 нашр намуда мешавад.
Тасвир: ВИ ва ТО ҶҚ
