Душанбе, 30 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». 29 декабр таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими сиёсати молиявию иқтисодии кишвар барои ояндаи наздик ва миёнамӯҳлат баррасӣ шуданд.

Дар маркази рӯзномаи ҷаласа масъалаи иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 қарор дошт. Вобаста ба ин масъала Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода лоиҳаи Қарори Ҳукумат «Дар бораи чораҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026“»-ро муаррифӣ намуд.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии ин санад мушаххас намудани раванди иҷрои буҷет, таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои давлатӣ, инчунин муайян намудани уҳдадориҳои вазорату идораҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ новобаста аз шакли моликият мебошад.
Президенти кишвар ба масъалаи таъмини босифати қисми даромадии буҷет таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба сохторҳои масъул супориш дод, ки ҷиҳати дарёфт ва истифодаи манбаъҳои нави воридоти маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ин мавқеъ талоши давлатро барои таҳкими устувории молиявӣ дар шароити афзоиши уҳдадориҳои иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ инъикос менамояд.
Масъалаи дуюми муҳими стратегӣ Барномаи давлатии сармоягузорӣ барои солҳои 2026–2030 буд, ки аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода пешниҳод гардид. Барнома ба ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла дар шакли қарзҳо, грантҳо ва кӯмаки техникӣ, барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои гуногуни иқтисод равона шудааст. Дар маҷмӯъ, ба Барнома 864 лоиҳа ба маблағи умумии 15,7 миллиард доллари ИМА ворид гардидааст.
Дар ҷараёни муҳокима зикр шуд, ки ҷалби сармоягузориҳо яке аз омилҳои калидии рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Ҳамзамон, имкониятҳои рақобатпазири Тоҷикистон — захираҳои бузурги обӣ, канданиҳои фоиданок ва металлҳои нодир, иқлими мусоид, иқтидори сайёҳӣ ва захираҳои инсонӣ — ҳамчун бартариҳои муҳими кишвар таъкид гардиданд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаи сиёсати тарифӣ дар соҳаи энергетика низ баррасӣ шуд. Лоиҳаи Қарори Ҳукумат «Дар бораи тарифҳо ба энергияи барқ ва гармӣ» қабул гардид, ки ҳадафи он рушди соҳаи энергетика ва расидан ба худтаъминкунии молиявию иқтисодии ширкатҳои калидии соҳа, аз ҷумла ҶСК «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» мебошад. Қарор аст тарифҳои нав аз 1 феврали соли 2026 мавриди амал қарор гиранд.
Инчунин, нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шашмоҳаи якуми соли 2026 тасдиқ карда шуд.
Дар анҷоми ҷаласа Президенти кишвар ба шахсони масъул вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соли 2025, таъмини гузариши устувори давраи зимистон, расонидани кӯмак ба ятимон, кӯдакони бепарастор, шахсони имконияташон маҳдуд ва оилаҳои ниёзманд, ҳамчунин омодагӣ ба таҷлили шоистаи Иди байналмилалии Наврӯз ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
